Маҳсулот

Имкониятҳо

Мо таҷҳизоти нави худкори истеҳсолиро аз кишварҳои Ҷопон, Олмон, Дания, ИМА, Туркия ва Русия харидорӣ намудем, ки иқтидори умумии он то 2 миллион адад маҳсулот дар як солро (бо кори ду навбат) ташкил медиҳад.

ҶСК «Гулистони Душанбе» пайваста ҳаҷм ва навъҳои маҳсулоти истеҳсолиро зиёд мекунад. Дар асоси истеҳсолот, либосҳои мардона, занона ва кӯдакона, аз ҷумла шимҳо, куртаҳо, доманҳо, каприҳо, шортҳо, бридҷҳо, курткҳо ва ғайра аз матоъҳои ҷинс, пахтагӣ ва омехта дӯхта мешаванд. Соли ҷорӣ истеҳсоли маҳсулоти тиббии яккарата ва либоси махсуси яккаратаи корӣ аз матоъи кимиёвии бенах (спанбонд) ба роҳ монда шудааст.

Назорати сифат

Назорати сифати маҳсулоти дӯзандагӣ бо усулҳои органолептикӣ ва ченакӣ анҷом дода мешавад. Усули органолептикӣ дар бар мегирад: мушоҳидаи визуалии маҳсулот, ки ё ба манакин пӯшида шудааст ё рӯи миз ҷойгир аст, муқоиса бо намунаи эталон, санҷиши маҳкамкуниҳо ва пайвандҳои часпак, инчунин санҷиши мутобиқати қисмҳои симметрӣ барои муайян кардани андоза ва шакли дурусти онҳо.

Мо таҷрибаи бузург ва тамоми воситаҳои заруриро барои ошкорсозии нуқсонҳои маҳсулот дорем.

Шарики мо шав! Фармоиш деҳ - аллакай имруз!

Менеҷерҳои мо ба Шумо дар интихоби маҳсулоти зарурӣ кӯмак мерасонанд!

Сифат ва сертификатҳои мо

Фабрикаи мо дорои сертификати ниҳоди байналмилалии TÜV Thüringen мебошад ва ба талаботи стандарти байналмилалии ISO 9001:2015 ва низоми идоракунии сифат ҷавобгӯ аст. Илова бар ин, мо инчунин сертификатҳои дигар, ба мисли ECOTEX дорем.

Ширкати мо метавонад мувофиқи дархости фармоишгар, сертификати сифатро барои кишвари мушаххас пешниҳод намояд, то ба ӯ дар ҷалби эътимоди истеъмолкунандагон кӯмак расонад.